Бе Фергюсон: мураббии Нурмуҳаммадов аз рақобат бо дигар варзишкор гуфт

© Twitter UFCТони Фергюсон и Хабиб Нурмагомедов
Тони Фергюсон и Хабиб Нурмагомедов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рақобати қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва варзишкори амрикоӣ Тонӣ Фергюсон пештар чаҳор бор лағв шуда буд

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Мураббии қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов - Хавер Мендес гуфт, дар ҳолати ногувор шудани саломатии Фергюсон рақобат чӣ гуна мегузарад.

"Агар бо Тонӣ ҳодисае рух диҳад, Ҳабиб бо дигар кас меҷангад. Барои мо фарқ надорад бо кӣ, бо ҳар варзишгари номие. Вале, баъд мо барои Тонӣ бозмегардем. Ҳабиб барои ба октагон баромадан пурра омода аст", - гуфт мураббии Ҳабиб дар мусоҳиба бо BJPenn.

Мураббӣ қайд кард, ки рақобат бояд баргузор шавад ва шарт нест ки танҳо бо Фергюсон, сарфи назар аз он, ки феълан варзишкори амрикоӣ аз рақиби пурзӯртарин аст.

 Хабиб Нурмагомедов, боец смешанного стиля, чемпион абсолютного бойцовского чемпионата (UFC) в легком весе - Sputnik Тоҷикистон
Рақобати Нурмуҳаммадов ва Фергюсон дар дигар ҷой мегузарад: UFC макони нав меҷӯяд

Дар баробари ин, Хавер Мендес қайд кард, ки Ҳабиб бисёр мехоҳад дар октагон маҳз бо Тонӣ вохӯрад.

Ёдрас мешавем, ки рақобати Ҳабиб ва Фергюсон бояд 18 апрел дар Ню-Йорк баргузор мешуд, вале дар паи паҳншавии густурдаи коронавирус дар ҷаҳон ин сабқат лағв шуд.

Чанде пеш раҳбари UFC Дэйна Уайт хабар дод, ки баргузории сабқатро дар робита ба роҳандозии чораҳои зидди эпидемикӣ ба таъхир гузоштанд.

Муҳорибаи Ҳабиб ва Тонӣ баргузор мегардад, фақат берун аз Амрико ва бидуни тамошобин

Ҳафтаи гузашта Уайт аз ҷустуҷӯйи макони нав барои қувваозмоии Нурмуҳаммадов ва Фергюсон хабар дода гуфт, эҳтимолан ин муҳориба бидуни тамошобин ва берун аз Амрико доир шавад.

Лентаи хабарҳо
0