ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Навори беҳуш шудани Вазири тандурустии Ҳолланд дар парлумони кишвар ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтааст.
Бруно Бруинс зимни баррасии масоил вобаста ба хуруҷи маризии сироятии коронавирус дар парлумон беҳуш шудааст. Дар навор маълум аст, ки як вакил вобаста ба маризии коронавирус маълумотҳо ироа мекунад ва дар ин асно вазъи саломатии азири беҳдошт бад шуда, ӯ беҳуш мешавад.
Бо кӯмаки ҳамкорон ва вакилони парлумон ӯро аз рӯи фарш мебардоранд ва баъди нӯшидани об ӯ дар ҳамдастӣ бо чанд нафар толори парлумонро тарк мекунад.
Зимнан, Бруинс пас аз ин ҳодиса дар сафҳаи худ дар Твиттер навиштааст, ки авзоъ вобаста ба коронавирус тайи ҳафтаи ахир ӯро асабонӣ намудааст ва шояд гирифтори беморӣ ҳам кунад.
"Ман ҳоло дар хона қарор дорам ва аҳволам хуб аст. Пас аз истироҳати кӯтоҳмуддат боз сари кор ва ба мубориза алайҳи маризии коронавирус мебароям", - навиштааст ӯ.
Dank voor al jullie steun voor zojuist. Ik had last van een flauwte door oververmoeidheid en intensieve weken. Inmiddels gaat het weer beter. Ik ga nu naar huis om vanavond uit te rusten, zodat ik morgen weer aan de slag kan om de #coronacrisis zo goed mogelijk te bestrijden.
— Bruno Bruins (@bruno_bruins) March 18, 2020
Қобили зикр аст, ки дар Нидерландия шумораи гирифторон ба маризии коронавирус ба 2051 нафар расидааст ва ҳамзамон фавти 58 дардманди ин беморӣ низ тасдиқ шудааст.