Таъсиси ҷоизаи раиси Хатлон барои муҳаққиқони илмҳои дақиқу табиатшиносӣ

© котиботи дастгоҳи раиси вилояти ХатлонҚурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, бо имзои як қарор барои муҳаққиқони соҳаи табиатшиносӣ, илмҳои дақиқ ва риёзӣ ҷоизаи махсус таъсис дод

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Ҷоизаи раиси  Хатлон, барои кормандони муассисаҳои таълимии вилоят, ки дар соҳаи табиатшиносӣ, илмҳои дақиқ ва риёзӣ рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ мекунанд дода мешавад, хабар дод Носирҷон Маъмурзода, сардори Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.

Озода Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Супориши Раҳмон барои санҷиши сартосарӣ ва таъсиси сохтори нав дар Дастгоҳи иҷроия

Манбаъ ҳаҷми мукофотпулиро аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ арзёбӣ карда, тавзеҳ дод, ки ин иқдом дар доираи эълон гардидани солҳои 2020-2040 "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" роҳандозӣ шуд.

"Ҷоизаи мазкур барои устодону олимон, аспиранту докторантон ва унвонҷӯёну муҳаққиқони эҷодкори муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбии ҳудуди вилояти Хатлон, ки 5 соли охир дар муассисаҳои соҳаҳои илму маорифи вилоят фаъолият намуда, рисолаҳои илмӣ ҳимоя кардаанд, пешбинӣ гардидааст", - омадааст дар иттилоия.

Илова шудаст, ки щаҷми мукофотпулӣ барои дифои рисолаи номзадӣ 5 ҳазор сомонӣ ва барои дифои рисолаи докторӣ 10 ҳазор сомонӣ муқаррар  шудааст. Манбаъ илова намуд, ки ҷоизаи раиси вилояти Хатлон ба муҳаққиқони илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҳамасола дар вазъияти тантанавӣ тақдим хоҳад шуд.

Министр образования Таджикистана Нуриддин Саид  - Sputnik Тоҷикистон
Дарс дар телевизион: таъсиси шабакаи нав дар Тоҷикистон бо супориши Раҳмон

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз ба вазоратҳои молия, маориф ва илм супориш дод, ки барои аз 1 сентябри соли 2021 зиёд намудани музди меҳнати омӯзгорони фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод манзур намоянд.

Фармони таъсиси Академия барои тарбияи раисони замонавӣ: Раҳмон гуфт, роҳбар чӣ гуна бошад

"Инчунин, шумораи гирандагони чунин стипендияҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 100 нафар то 500 нафар ва барои аспирантони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмӣ аз 15 нафар то 50 нафар зиёд карда шавад.Аз шумораи умумии стипендияҳои Президентӣ 70 фоиз барои фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ равона карда шавад", - таъкид кард раисиҷумҳур.

Лентаи хабарҳо
0