ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин овозаҳо интишор ёфтанд, ки дар шаҳри Хуҷанд як мавриди гирифторӣ ба “вируси тоҷдор” ошкор шудааст, аммо мақомот онро пинҳон медоранд, то таҷлили Наврӯзи имсоли ҷумҳурӣ, ки дар ин шаҳр баргузор мешавад, хатшадор нашавад.
Абдураҳим Ҷалилов, сокини шаҳри Хуҷанд ба “Sputnik Тоҷикистон” гуфт, ду – се рӯз ба ин сӯ дар маҳаллае, ки ӯ зиндагӣ мекунад, овозае дар бораи гирифтор шудани як сокини Хуҷанд ба “вируси тоҷдор” сайр мекунад:
“Дар маҳалла ҳам ин миш-миш шуд. Вақте дар мусофиркаш ҳам нишастам, ду зан дар ин бора суҳбат мекарданд. Ҳатто яке мегуфт, ки ин нафар аз ҳаҷ ин вирусро овардааст ва пофишорӣ ҳам мекард, ки як шиноси духтураш инро ба ӯ гуфтааст. Ҳозир ба ҳамин ташвиш нигоҳ карда шиштем, ки чӣ пеш меояд”, - гуфт ҳамсӯҳбати “Sputnik Тоҷикистон”.
Мақомоти зидахл ин овозаҳоро беасос ва дур аз воқеият хонда, мегӯянд, вазъ таҳти назорат аст.
Бибихонум Дарвешзода, сухангӯи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба “Sputnik Тоҷикистон” гуфт, бино ба тааҳудоте, ки кишвар бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дорад, наметавонад ин қабил маворидро пинҳон кунад:
“Мо наметавонем онро пинҳон кунем ва ҳақ ҳам надорем, зеро пинҳон доштани ин маворид мардумро дар ғафлат мегузорад, муқовимати онҳо бо густариши вирусро заиф месозад ва оқибатҳои ногуворро ба бор меорад. Дар ҳоли ҳозир, хушбахтона, ягон маврид сабт нашудааст, аммо ниҳодҳои зидахл шабонарӯзӣ кор ва вазъиятро назорат мекунанд”, - гуфт Бибихонум Дарвешзода.
Дар радди ин овозаҳо Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин ва танзими расму оинҳои Тоҷикистон низ гуфт, ки охирин ҳоҷиёни тоҷик аз ҳаҷҷи умра бештар аз як моҳи пеш ба кишвар баргаштаанд:
“Ҳамон рӯз ки Арабистони Саудӣ эълон кард, ҳоҷиёнро барои ҳаҷҷи умра қабул намекунад, мо сафари онҳоро ба он кишвар қатъ карда, онҳоеро, ки дар он ҷо қарор доштанд, баргардонда будем”, - гуфт Афшини Муқим.
Овозаи дигаре, ки дар кишвар афтодааст, баста шудани мактабу донишгоҳҳои кишвар аст, ки бино ба онҳо, дар дастури мақомот қарор дорад ва ҳамин рӯзҳо эълон хоҳад шуд.
Эҳсони Хушбахт, сухангӯи вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, дар сафҳаи фейсбукии худ эълон кард, ки муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дарсҳо тибқи ҷадвали дарсӣ идома доранд.
“Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.09.2018, №484 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2016, №237" чоряки сеюм аз 11-уми январ то 20-уми март идома ёфта, аз 21-уми март то 31-юми март таътили баҳорӣ эълон мешавад. Чоряки чорум аз 1-уми апрел оғоз меёбад. Хоҳишмандам, ба ҳангомаҳо ва хабарҳои беасос бовар накунед!”, - навиштааст Эҳсони Хушбахт.