ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар саҳифаи расмияш дар Ютуб навори омӯзишиеро гузошта, гуфтааст тамошои он имкон медиҳад шаҳрвандон дар бораи пешгирии коронавирус маълумот дошта бошанд.
Ба иттилои сомонаи расимии Кумита чунин тасмим ҷиҳати роҳандозии корҳои таблиғотӣ ва пешгирӣ аз сироят ба вируси короно гирифта шудааст.
“Тамошои ин навор имкон медиҳад ҳар нафар барои хубтар аз худ намудани қоидаҳои пешгирии коронавирус ва риояи онҳо маълумоти пурра дошта бошад”,-афзудааст манбаъ.
Дар навори якминутаи видеоӣ гуфта мешавад, барои пешгирӣ аз коронавирус дастонро бояд тез-тез шуст бо собун ё маҳлулҳои махсуси дигар шуед, ҳангоми атса задан рӯйи худро бо рӯйсолчаи яккарата ва ё оринҷ пӯшонид, худро аз шахсоне, ки нишонаҳои шамолхурӣ ва зуком доранд дур гиред.
Ҳамчунин дар навор гуфта мешавад, аз дар шумо таби баланд, душворшавии нафаскашӣ ва сулфа ба мушоҳида расад, ҳатман ба табиби оилавӣ барои табобати саривақтӣ муроҷиат намуда, ба хона даъват созед ва ба худтабобаткунӣ роҳ надиҳед.