Боздошт ва ҳабси 5 нафар: латукӯб бо калиди мошин барои телефон? - навор

© Sputnik / Анна Соловьева / Гузариш ба медиабонкДрака, архивное фото
Драка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раёсати вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 5 нафареро, ки дар як навори видеоӣ дар шабакаи иҷтимоӣ як нафари дигарро бераҳмона латӯкуб мекунанд, боздошт ва ҳабс кардааст

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Ин навор, имрӯз, 17 март, дар як қатор сомонаҳои интернетӣ ва саҳифаи иҷтимоии "Фейсбук" пахш шуд.

Дар он дида мешавад, ки як гурӯҳи ҷавонон бо корду калиди мошин як марди дигарро бераҳмона латукӯб мекунанд. Дар интиҳои навор нафаре, ки онро сабт мекунад, нидо мезанад:"Куштанд сағерара!".

Хусумати миллӣ: боздошти 6 донишҷӯи Петербург, ки шаҳрванди Тоҷикистонро латукӯб карданд

Дар Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба "Sputnik Тоҷикистон" гуфтанд, ки ин ҳодиса ҳамон лаҳза аз сӯи афроди ҳозир дар саҳна гузориш шуд ва бо дастури сардори ин ниҳод барои пайдо кардани ин афрод ва маълум кардани омилу сабабҳои ин ҷиноят як гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ созмон дода шуд.

"Ҷинояткорон дар зудтарин фурсат бо гузашти ҳамагӣ 20 дақиқа аз содир шудани ҷиноят дар минтақаи "Текстил" - и пойтахт аз сӯи кормандони милитсия ин содиркунандагони амали ғайриқонунӣ ва дар як вақт кирдори ваҳшониятро муайяну дастгир шуданд", - гуфтанд дар раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

Бино ба иттилоияе, ки раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар сомонааш нашр кардааст, инҳо Беҳрӯз Зиёев (таваллуди 1994. сокини шаҳри Ваҳдат), Эмомалӣ Яхшиев (таваллуди 1994. сокини шаҳри Кӯлоб), Ёрмуҳаммад Баротов (таваллуди 1998, сокини шаҳри Душанбе), Абдусалом Асроров (таваллуди 1996, сокини Душанбе), Ҳукуматшоҳ Мулкамонов (таваллуди 1999, сокини шаҳри Бохтар) будаанд.

Министр МВД Таджикистана Рахимзода Рамазон Хамро - Sputnik Тоҷикистон
Бо фармоиши вазир милисае, ки занро латукӯб кард аз мақомоти корҳои дохилӣ озод карда шуд

"Муайян шуд, ки ин афрод 17 марти соли равон дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар натиҷаи як муноқишаи лафзӣ Ҷумазода Кароматуллои Асатулло (таваллуди 1990, сокини шаҳри Ҳисор) – ро бо калиди чархи мошин ва мушту лагад якчанд маротиба ба сару рӯяш зарба бераҳмона зада, баъди беҳуш шудани ҷабрдида телефони мобилии ӯро ғорат намуда, аз ҷои ҳодиса фирор намудаанд. Дар натиҷаи ин амали ноҷавонмардонаи дастгиршудагон ҷабрдида бо бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ карда шудааст", - омадааст дар иттилоияи раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, алайҳи дастгиршудагон бо моддаҳои 237, қисми 3 (авбошии гуруҳӣ) ва 248 (ғоратгарӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, онҳо ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0