Садамаи маргбор дар ноҳияи Ишкошим: ронанда худравро ба чуқурӣ чаппа кард

© Фото : CC0 / Rico_LoebДорожный знак, архивное фото
Дорожный знак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохидаи Тоҷикистон аз садамаи маргбор дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Бино ба гузориши ВУД, садама рӯзи 14-уми марти соли 2020, тахминан соати 18:20-дақиқа ба вуқӯъ пайвастааст.

ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ду садамаи маргбор: ронанда ба симчӯб бархӯрду ҳалок шуд

Гуфта мешавад, ки ронандаи автомашинаи тамғаи "КИА", Баёнов Алишер Гавҳарович, соли таваллудаш 1980, сокини ҷамоати деҳоти Зонги ноҳияи Ишкошим, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Лангар ба самти маркази ноҳияи мазкур, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Вранг аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии 22-метр чаппа шудааст.

Садамаи пурмоҷаро дар ноҳияи Кушониён як кушта ва чор захмӣ бар ҷой гузошт

"Дар натиҷа, мусофири дар дохили автомашина буда, Нурмамадов Хуршед Ҷумъабоевич, соли таваллудаш 1983, сокини деҳаи Шитхарви ҳамин ноҳия, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.

Садамаи маргбор дар шоҳроҳи Душанбе-Ҳисор: се нафар ба ҳалокат расид

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0