Пирӯзии коммунист бар рақиби худ аз ҲХДТ дар овоздиҳии такрорӣ дар Истаравшан

© Sputnik / Sputnik, Амир ИсаевПарламентские выборы в Таджикистане
Парламентские выборы в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар маъракаи овоздиҳии рӯзи 15-уми март дар ҳавзаи интихоботии шаҳри Истаравшан, Ҳасан Нарзуллоев, узви Ҳизби комунист, бо гирифтани 55 дарсад раъйи сокинон бар рақиби худ Баҳром Наимзода, узви ҲХДТ пирӯз шуда, вакили Маҷлиси халқи Истаравшан интихоб шуд

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Уткир Абдулхайров, раиси комиссияи интихоботии шаҳрӣ дар Истаравшан бо тасдиқи ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, овоздиҳии такрорӣ бо иштироки ҳудуди ҳафт ҳазор интихобкунандагон баргузор гардида ва бар асоси райъи сокинон Ҳасан Нарзуллоев, узви ҲКТ, собиқ директори Ососишгоҳи “Ҳавотоғ” бо гирифтани 55% аз ҳавзаи интихоботии “Савристон-33” ва Фарҳод Обидӣ, узви ҲХДТ, сардухтури беморхонаи марказии Истаравшан аз ҳавзаи интихоботии “О. Лутфӣ-4” бо гирифтани 79% овози мардум вакилони Маҷлиси халқи шаҳри Истаравшан интихоб шуданд.

Интихоби вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Интихобот 2020: кӣ бурду кӣ бохт

Баҳром Наимзода, узви ҲХДТ, директори мактаб-гимназияи № 4 ва рақиби Ҳасан Нарзуллоев дар ҳавзаи “Савристон-33” дар ин марҳилаи овоздиҳӣ 45% райъи сокинонро соҳиб шуда, вале шонси аъзои Маҷлиси вакилони халқи Истаравшан шуданро аз даст додааст.

“Мо умед надоштем, ки мардум дар овоздиҳии такрорӣ аз худ чунин фаъолнокии сиёсӣ нишон медиҳанд. Дар ҳавзаи интихоботии “Савристон-33”, 80% ва дар ҳавзаи интихоботии “О. Лутфӣ-4” ҳамагӣ 75% овоздиҳандагон иштирок карданд”, - зикр кард Абдулхайров.

Маъракаи овоздиҳии такрорӣ барои интихоби вакил дар Истаравшан дар ҳоле баргузор гардид, ки дар интихоботи рӯзи 1-уми март аз шаш номзади пешниҳод шуда ба вакили Маҷлиси халқи шаҳри Истаравшан ҳеҷ касе аз онҳо 50 % и овози мардумро ба даст оварда натавонист.

Ба ин далел даври такрории овоздиҳӣ рӯзи 15-уми март дар ин ду ҳавзаи интихоботӣ баргузор карда шудааст.

Зимнан бар асоси ба даст овардани райъи сокинон Ҳасан Нарзуллоев, узви ҲКТ, ва Фарҳод Обидӣ, узви ҲХДТ, ба гурӯҳи 40 нафараи вакилони Маҷлиси халқи шаҳри Истаравшан шомил карда мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0