ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Додситони кулли Тоҷикистон 14 март, дар рӯзи касбии кормандони додситонӣ, аз таъқиби ғайриқонунии ҷиноятии шаҳрвандон дар кишвар суҳбат кард.
“Аз ҷумла 73 ҳолати ғайриқонунӣ ва бармаҳал оғоз намудани парвандаҳои ҷиноятӣ, 5 ҳолати ғайриқонунӣ дастгир намудан, 3 ҳолати ғайриқонунӣ ба ҳабс гирифтан ва 5 ҳолати ғайриқонунӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шаҳрвандон ошкор гардида, дар маҷлисҳои васеи ҳайати мушовара мавриди баррасӣ ва чораҷӯӣ қарор дода шуданд”, - изҳор доштаст Юсуф Раҳмон дар суҳбат бо “Ховар”. Ӯ нагуфтааст, ки барои таъқиби ғайриқонунии ҷиноии шаҳрвандон оё мақомдоре муҷозот шудааст ё на.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ахиран дар мулоқот бо кормандони додгоҳҳо аз парвандаҳои хому беасос интиқод карда, масъалаи ҷавобгарии муфаттишонро ба миён гузошта буд.
“Муфаттиш хатоиҳо содир кардааст. Парванда хом аст. Далелу асосҳои шайъӣ надорад, аз ин хотир, асос шуда наметавонанд ва суд ҳам дар содир кардани ҳукм мушкилӣ мекашад. Чаро нисбати муфаттиш чора намебинед? Инҳо чӣ қадаранд? Бархе муфаттишон 10 – 15 сол боз дар як сохтор кор карда истодаанд. Инҳоро бояд баррасӣ кунем. Камбудӣ кардааст, бинед, кадом муфаттиш, аз кадом раёсат аст, чӣ гуна тафтиш кардааст, ки парвандааш баргаштааст? Бояд чора дид!”, - гуфт раисҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон дар идома дигарбора ба мавзӯъи заъфи тафтишоти қаблӣ баргашта, хулоса кард, ки ин гуна маворид паймадҳои нохуш доранд.
“Ҷавоб ва зарари инро кӣ мепардозад? Зарари моддӣ ку як тараф, зарари маъънавиаш чӣ? Муфаттиш бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд!”, - афзуд ӯ.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намуд, ки вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ танҳо ба маҳбас кашидани мардум нест, балки вазифаи онҳо пешгирии ҷиноят мебошад, чун дар паси ҳар шахс, як хонавода ва сарнавишту зиндагии онҳо қарор дорад.
Тайи солҳои ахир даҳҳо шикояту арзи наздикон ва вакилони мудофеъи гумонбаршудагон расонаӣ шудаанд, ки тафтишотро барои тақаллуб ва ё бо роҳи зӯру шиканҷа ба даст овардани эътироф ба ҷиноят муттаҳам кардаанд.