ДУШАНБЕ, 14 мар – Sputnik. Рӯзи 13 март дар маҷлисгоҳи мақомоти вилояти Суғд иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум баргузор гардид.
Интихоби номзад тариқи овоздиҳии пинҳонӣ сурат гирифта, вакилон якдилона аз номзадии Раҷаббой Аҳмадзода ба узвият дар Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ намуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Овоздиҳии такрорӣ дар Иставрашан: аз се номзад ду вакил бояд интихоб шавад
Ба баррасии иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум як зумра масъалаҳо, аз ҷумла тасдиқи ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати шашум, тасдиқи дастури Маҷлиси вакилони халқи вилоят, низомномаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят, ташкил намудани комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва интихоби ҳайати онҳо, пешбарии номзад ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Суғд, №2 пешниҳод карда шудааст.
Рустами Эмомалӣ ба мансаби нав пешниҳод шуд
Бино ба гузориши манбаъ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят масъалаҳои зикршударо баррасӣ ва қарорҳои дахлдор қабул намудаанд.
Тибқи иттилои манбаъ, аз тарафи вакилон номзадии Раҷаббой Аҳмадзода ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид.
Пас аз овоздиҳии пинҳонӣ раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо дарёфти аксари овозҳо аз ҳавзаи интихоботии Суғд, №2 ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.