ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Ордени 150 солагии Ленин аз номи Генадий Зюганов, раиси Ҳизби коммунистони Русия ба Ҳусейн Ҳусейнов тақдим карда шуд, дар ин бора дар саҳифаи Фейсбукиаш Вафо Усмонов хабар дод.
Президенти Қирғизистон ба Оқохони IV ордени “Данакер” супорид
Қайд карда шудааст, ки Ҳусейн Ҳусейнов, муовини раис оид ба таълиму тарбияи коллеҷи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ, узви ҳизби коммунити Тоҷикистон бо ордени 150 солагии В.И. Ленин аз ҷониби роҳбари Ҳизби коммунисти Русия Генадий Зюганов ва намояндагони Ҳизби комунисти Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.
Президент ба Шукурҷон Зуҳуров Ордени “Зарринтоҷ” тақдим кард
“Ҳусейн Ҳусейнов, дар давоми солҳои зиёд яке аз аъзои фаъоли Ҳизби коммунист буда, дар тарғибу ташвиқи Ҳизби мазкур дар Тоҷикистон ба хусус дар ноҳияи Мастчоҳ саҳми арзандаи худро гузошта аст”, - таъкид доштааст корбари Фейсбук Вафо Усмонов.
Бояд қайд кард, ки замони Иттиҳоди шӯравӣ ордени Ленин яке аз ҷоизаҳои олӣ буда, ва онро барои хизматҳои шоён дар рушди ҳаракатҳои инқилобӣ, фаъолияти меҳнатӣ, ҳифзи мейҳани сотсиалистӣ, рушди дӯстӣ, ҳамкорӣ миёни халқҳо, устувории сулҳ, ва хизмати шоиста дар назди ҳукумати Шӯравӣ дода мешуд.