Дар Тоҷикистон ду мард боздошт шуданд, ки бо савдои ғайриқонунии ҳабҳои психотропӣ машғул буданд. Аз онҳо 32 кило афюн мусодира шуд.
Яке аз боздоштшудаҳо сокини Ҳисор, марди 50-сола Баҳром Иноятов ва дигаре 30-сола Фирдавс Каримов будааст.
Дар навор дида мешавад, ки кормандони ВКД мошинҳои гаронбаҳоро боздошт мекунанд, ки дар дохили он нашаҷаллобон маводи мухадирро ба маркази Душанбе интиқол медоданд.
Дар навор мусодираи моддаи сиёҳ дар бастаҳо дида мешавад. Боздоштшудаҳо иқрор шудаанд, ки афюн ба онҳо тааллуқ дорад.
Минаъд, кормандони мақомот муайян хоҳанд кард, ки ин миқдор нашъаро боздоштшудаҳо аз куҷо дастрас кардаанд.
Пештар низ дар Душанбе се марди афғон бо иттиҳоми нашаҷаллобӣ боздошт шуда буданд. Аз онҳо 10 кило нашъаи синтетикӣ мусодира гардидааст.