Изҳороти вазири беҳдошти Қазоқистон пас аз ошкоршавии ду дардманди коронавирус

© AP / StringerМедицинский персонал переводит пациента с подозрением на новый коронавирус, в Гонконге
Медицинский персонал переводит пациента с подозрением на новый коронавирус, в Гонконге - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ду дардманди маризии коронавирус дар Алма - Ато аз Олмон ворид шудаанд. Ҳар ду аз гирифторон на дар як ҳавопаймо, балки дар вақтҳои гуногун озими кишвар гардидаанд

ДУШАНБЕ, 13 мар – Sputnik. Вазири тандурустии Қазоқистон Елжан Биртанов дар робита ба зуҳури коронавирус дар ин кишвар гуфт, ки ҳоло зарурати ҷорӣ кардани вазъи фавқулода вуҷуд надорад.

"Феълан ҷорӣ кардани ҳолати изтирориро роҳбарони мақомоти қудратӣ, ҳокимони ноҳияҳо баррасӣ доранд. Алъон дар робита ба ошкор кардани ду мавриди гирифторӣ ба коронавирус, зарурати ҷорӣ кардани вазъи фавқулода вуҷуд надорад. Аммо дар сурати афзун шудани теъдоди маризон, эҳтимол дар Қазоқистон вазъи изтирорӣ эълон шавад", - афзудаст Биртанов.

Зимнан, вазири беҳдошт аз тамоми шаҳрвандон даъват ба амал овардаст, ки аз иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ худдорӣ кунанд.

Дар робита ба зуҳури ин маризӣ дар Қазоқистон тадобири пешгирикунанда боз ҳам пурзӯртар хоҳад шуд.

Медицинские работники в защитных костюмах - Sputnik Тоҷикистон
Ба Осиёи Марказӣ расид: нахустин ҳолати гирифтории коронавирус дар Қазоқистон

Елжан Биртанов, вазири тандурустии Қазоқистон гуфтааст, натиҷаи санҷиши ду сокини кишвараш, ки аз Германия омадаанд  мусбат баромадааст.

Эпидемиологи рус ҳазориспандро як далели зуҳур накардани коронавирус дар Тоҷикистон гуфт

Ба иттилои манбаъ онҳоро дар озмоишгоҳе дар Алма-Ато санҷидаанд.

Гуфта мешавад дар ҳоли ҳозир ҳаммаи тадбирҳо барои ҷудогона нигоҳдории онҳо андешида шуда, вазъи саломатии беморон дар ҳоли ҳозир мӯътадил аст.

Ин нахустин ҳолати гирифтории коронавирус дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Лентаи хабарҳо
0