Дастури Рустами Эмомалӣ барои омодагӣ ба "Ҳаҷ-2020"

© Пресс-служба мэра ДушанбеМэр города Душанбе Рустам Эмомали
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтах, қарори ташкили Комиссияи шаҳрӣ барои омодагӣ ва муташаккилона баргузор намудани мавсими “Ҳаҷ-2019” имзо карда, ба тобеонаш дарстур додааст ба ин маърака омдагӣ гиранд

ДУШАНБЕ, 14 мар – Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе имрӯз қарор дар бораи  таъсис додани комиссияи шаҳрӣ барои омодагӣ ва муташаккилона баргузор намудани мавсими “Ҳаҷ-2019”-ро ба имзо расонд.

Возвращение таджикских паломников из хаджа - Sputnik Тоҷикистон
Ҷисман обутобёфта: эълони озмуни раҳбаладони "Ҳаҷ-2020"

Дафтари матбуотии шаҳрдории пойтахт дар ин бора иттилоъ додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, тибқи қарори шаҳрдорӣ Комиссияи мазкур вазифадор шудааст, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати баргузор намудани мавсими “Ҳаҷ-2020” тадбирҳои зарурӣ андешад.

Тибқи қарори мазкур раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе муваззаф гардидаанд, ки барои қабули саривақтии ҳуҷҷатҳои ҳаҷравандагон комиссияҳои ноҳиявӣ таъсис дода, ҳуҷҷатҳои заруриро тибқи рӯйхат ба комиссияи шаҳрӣ то 17 марти соли 2020 пешниҳод намоянд.

Инчунин, дар қарор ҳамчунин омадааст, ки Раиси комиссияи шаҳрӣ доир ба омодагӣ ва муташаккилона баргузор намудани мавсими “Ҳаҷ-2020” дар шаҳри Душанбе пас аз анҷоми кори комиссия то 25 марти соли равон рӯйхати ҳаҷравандагони шаҳри Душанберо тибқи тартиби муқарраргардида ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон ирсол намояд.

Лентаи хабарҳо
0