ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Чжао Лисзян пас аз изҳороти роҳбари Маркази пешгирӣ ва назорати бемориҳои Амрико Роберт Редфил, ин кишварро ба он муттаҳам кард, ки маризиро ба Вуҳан маҳз низомиёни амрикоӣ оварданд.
"Ҳақиқатро ошкоро гӯед, маълумотҳои кишваратонро дар робита ба ин маризӣ нашр кунед ва ба мо асли воқеаро фаҳмонед", - навиштааст дипломати чиноӣ дар сафҳаи худ дар Twitter.
1/2 美国疾病控制与预防中心(CDC)主任罗伯特·雷德菲尔德(Robert Redfield)周三在众议院监督委员会承认,一些似乎死于流感的美国人在死后的诊断中被检测出新型#冠状病毒呈阳性。#COVID19 pic.twitter.com/vYNZRFPWo3
— Lijian Zhao 赵立坚 (@zlj517) March 12, 2020
Роҳбари Маркази пешгирӣ ва назорати бемориҳои Амрико Роберт Радфилд зимни як ҷаласа изҳор доштааст, ки дар Амрико ҳолатҳои фавти одамон сабт гардидаст, ки гӯё бар асари гирифторшавӣ ба зуком ҷон бохтанд, вале дар асл онҳо аз коронавирус фавтидаанд.
Номбурда аз ҳукумати Амрико даъват намудаст, ки нахустин ҳолати сироятёбии шаҳрвандони амрикоӣ, теъдоди маризон ва ҳамзамон дар кадом беморхонаҳо бистарӣ гардидани онҳоро, расман нашр намоянд.
Эрон барои мубориза бо коронавирус аз Сандуқи байналмилалии пул 5 миллиард дархост кард
Ёдовар мешавем, ки зуҳури маризии сироятии коронавирус авохири моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Вуҳани Чин сар зад.
Феълан 114 кишвари дунё дар гирдоби гирифторӣ ба ин маризӣ қарор дошта, аллакай беш аз 4 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд.
Ахиран Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, маризии коронавирусро пандемия эълон кард.