Рустами Эмомалӣ барои пойга ва куштии наврузӣ пул ҷудо кард

© Sputnik / Амир ИсаевСкачки в Душанбе
Скачки в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, барои пойга ва куштии наврӯзӣ беш аз 190 ҳазор сомонӣ, муодили 19 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо кардааст

ДУШАНБЕ, 12 мар – Sputnik. Рӯзи 21 март мусобиқаи ҷумҳуриявии куштии миллӣ таҳти унвони “Гӯштингирӣ” ва 22 март пойгаи аспдавонӣ  барои дарёфти Ҷоми Пойтахт - 2020 баргузор карда мешавад, хабар дод телевизиони “Варзиш”.

Пробирки с биоматериалом в лабораторном комплексе - Sputnik Тоҷикистон
Наврӯз ва саломатӣ: ташхиси тиббии ройгони тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон

Ба иттилои манбаъ, шаҳрдорӣ барои ҳар ду мусобиқа, ки дар Наврӯзгоҳи пойтахт доир мешаванд, 195 ҳазору 500 сомонӣ ҷудо намудаст.

“Ҳамчунин аз 13 март то 17 апрел дар майдончаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти “Ҷоми пойтахт” баргузор карда мешавад. Бо ин мақсад 128 ҳазору 800 сомонӣ ҷудо гардид”, - омадааст дар иттилоия.

Қатъ нашудааст: тамрини 11 ҳазор нафар, барои Иди Наврӯз дар Хуҷанд - акс

Рустами Эмомалӣ мақомдоронро муваззаф кардааст, ки дар чорабиниҳои наврӯзӣ беҳтарин варзишгарон, паҳлавонону аспсаворонро ҷалб кунанд. Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе дастур гирифтааст, ки ташкили барномаи фарҳангӣ бо ҷалби ҳунармандони беҳтарин дар ҷойи баргузории мусобиқаҳоро таъмин кунад.

Лентаи хабарҳо
0