ДУШАНБЕ, 12 мар – Sputnik. Мадина Набизода, мудири Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, ба узвияти Маҷлиси миллии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Суғд №2, пешниҳод шуд, хабар дод шаҳрдории Хуҷанд.
Ба иттилои манбаъ, Набизода соли 1974 таваллуд шуда, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуровро соли 1996 бо ихтисоси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро соли 2013 бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст. Ӯ аз соли 2017 дар вазифаи директори Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд” кор мекунад.
Пешниҳоди номзадҳо ба узвияти Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар даъвати нав 11 март шурӯъ шуд.
Ахиран вакилони маҷлиси вилояти Хатлон, номзадии Қурбон Ҳакимзода, раиси Хатлон ва вакил аз ҳавзаи интихоботии Кӯлоб №8 ба узвияти Маҷлиси миллии Тоҷикистон пешбарӣ гардид.
Интихоботи ахири вакилон ба маҷлисҳо 1 март сурат гирифта, ба иттилои КМИР аз 4,9 миллион интихобкунанда, 4,2 миллион нафар ё худ 86,4 фоиз дар раъйдиҳӣ иштирок намуданд. Дар натиҷа 6 ҳизби Тоҷикистон ба парлумон роҳ ёфт. Аксари курсиҳоро Ҳизби ҳокими халқии демократӣ соҳиб шуд. Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ба парлумон ворид нагардид.