Ҳаҷми истеҳсолоти корхонаҳои саноатии Тоҷикистон нисбат ба соли 2018 14 дарсад афзоиш ёфтааст. Соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 2100 корхона ба қайд гирифта шуда, 219 корхонаи нав ба фаъолияти худ оғоз кард ва беш аз се ҳазор нафар ба ҷои кор таъмин гаштанд.
Дар соли 2019 дар Тоҷикистон чандин созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расида буд, ки тибқи он ҳашт корхонаи нави саноатӣ таъсис дода мешавад.
Корхонаҳои нави таъсисёфта дар соҳаҳои мошинсозӣ, саноати сабук, истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ ва саноати ғизоӣ ба таъсис ёфтанд.
Дар баробари ин соли гузашта 149 корхона аз фаъолият бозмонда буд. Сабаби қатъи фаъолияти корхонаҳо ин норасоии маблағ ва мутахассисони баландихтисос будааст.