ДУШАНБЕ, 12 мар – Sputnik. Дар Самарқанд 5-умин ҷаласаи минтақавии фармондеҳони нерӯҳои марзии кишварҳои узви Иттиҳоди кишварҳои ҳамсуд барпо шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА бо такя ба хабаргузории УзТАГ.
Ба иттилои манбаъ, дар нишаст намояндагони Русия, Қазоқистон ,Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва хадамоти ҳамоҳангсозии шӯрои фармондеҳони нерӯҳои марзии иттиҳод ширкат карданд.
"Дар ин мулқот вазъияти равобити кишварҳои узви ИКҲ бо Афғонистон ва гароишҳои дурнамои рушди он баррасӣ шуд. Тарафҳо ба вижа, дар бораи вазъи минтақаи марзи шимолии Афғонистон табодули афкор карданд", -омадааст дар иттилоия
Манбаъ афзуд, ҳамчунин, ширкаткунандагони ҷаласа ба афзоиши кӯшишҳои ворид кардани маводди мухаддир аз "роҳи шимолӣ" ба Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳ карданд.
Инчунин дар раванди ҷаласа барномаи иқдоми мубориза бо афроди ҳамдаст бо гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгароии байналмилалӣ дар минтақаи ИКҲ таҳия шуда, ҷаласаи навбатӣ 16 апрел дар шаҳри Ереван таъйин шуд.