Дипломати рус консули генералии тоҷикро даъват кард: сӯҳбат аз муҳоҷират то тиҷорат

© pixabayРукопожатие
Рукопожатие - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зимни он ҷониби россиягӣ Зафар Сайидзодаро ба муносибати ба вазифаи Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуданаш табрик намуд

ДУШАНБЕ, 12 мар – Sputnik. Консули генералии тоҷик Зафар Сайидзода бо Александр Харлов дипломати намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Русия дар шаҳри Екатеринбург мулоқот кард, гузириш медиҳад "Ховар".

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ: аз ВУХ то бахши ёрдамчиҳои президент
Ин сӯҳбат бо даъвати дипломати рус сурат гирифтааст. 

Зимни он Хорлов Зафар Сайидзодаро ба муносибати ба вазифаи Консули генералии  Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуданаш табрик намуд.

Зикр гардид, ки муносибатҳои шарикии стратегии м Тоҷикистон ва Русия  масоили мубрами гуногунро фаро гирифта, ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷалби сармоя, сайёҳӣ, илм ва фарҳанг миёни минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия низ бояд боз ҳам тавсеа ёбанд ва мустаҳкам гарданд.

"Ҷонибҳо нисбат ба мавзӯоти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтар кардани шароити кору зиндагии онон дар кишвари иқомат, баргузор намудани чорабиниҳои муштарак дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҳавзаи консулӣ, дидорбинӣ аз донишгоҳҳо ва ташкили вохӯриҳо бо донишҷӯёни тоҷик таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд", - омадааст дар гузориши манбаъ.

Манзил ва ҳуҷҷат: мақомоти Русия ба падари серфарзанди тоҷик кӯмак карданд

Дар ин радиф Намояндаи ВКХ ФР сатҳи ҳамкории Намояндагӣ ва Консулгарии генералиро ба таври мусбат арзёбӣ намуда, омодагии худро баҳри пешбурду густариши минбъдаи он, аз ҷумла дар мавриди ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи консулӣ  баён намуд.

Лентаи хабарҳо
0