ДУШАНБЕ, 12 мар – Sputnik. Овозхони тоҷик мегӯяд, ба бисёри нафароне, ки хубӣ кард, дар охир гиребонгираш шуданд ва дар ҳамин мавзӯъ таронаи “Рӯзгор”-ро сароидаст, ки ба наздикӣ пешниҳоди омма мешавад. Шаҳзоди Даврон нақл кард, нафаре, ки бо ӯ робитаи 12-солаи дӯстӣ дошт, оқибат дар маслиҳат бо духтаре ӯро мавриди туҳмат қарор додаанд.
Ӯ қисса кард, боре дар арафаи сафар ба Русия буд, ки аз идораи пулиси ноҳияи Сино ба вай занг заданд, ки фавран ҳозир шавад, чун алайҳаш шикоят ворид гардидааст.
Аз туҳмати алфонсӣ то тамаъи мошини Шаҳзоди Даврон-навор
Ба гуфтаи овозхон, дар идораи пулис маълум гардид, духтаре алайҳи ӯ шикоят кардааст, ки гӯиё 12 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтаасту бозпас надодааст. Вай афзуд, ки аввал тарсид, чун духтар боз шоҳиде овардааст, ки мегуфт воқеан овозхон пул гирифтаасту бисёри овозхонҳо алфонсанд.
Шаҳзоди Даврон илова намуд, дар охир фаҳмидааст, ки духтар бо дӯсташ забон як кардаю мошини ӯро тамаъ кардаанд, то гиранду маблағро байни ҳам тақсим кунанд. Ӯ афзуд, ки инро худи духтари даъвогар қоил шудааст.
Овозхон ки бидуни зикри номи даъвогарон суҳбат мекард, таъкид намуд, ки пули мошинашро бо меҳнати 12-солаи ҳалол дар тӯйю маъракаҳо кор кардаст.
Ӯ гуфт, даъвогарон ба мақсад нарасиданд, кор то додситони шаҳри Душанбе расид, аммо даъвояшон исбот нашуд. Вай илова намуд, ки аввал хост, барои тӯҳмат алайҳашон шикоят кунад, аммо ба хулосае омад, ки онҳоро ба Худо супорад.