ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik. Як манбаъ аз ҷамоати Қалъачаи калони Истаравшан мегуянд, Облоназар сокини 33 солаи ин ҷамоат ҳангоми берун шудан аз дохили чоҳ, пояш лағжида ба қаъри чоҳ афтида фавтидааст.
Бино ба иттилоъи Ҷамшед Ҳасанов, раиси ҷамоати Қалъачаи калон, ин ҳодисаи нохуш шоми рӯзи 10-уми март дар ҳоле рух додааст, ки Облоназар ва ду ҳамкораш ба кофтани як чоҳи то 18 метраи об дар манзили Умматқул Нуриддинов машғул буданд.
Ба иттилои манбаъ, онҳо чоҳро то 12 метир чуқурӣ кандаанд ва дар пайи ҳодисаи нохуш як коргар ба он афтидаст.
“Онҳо се нафар бо соҳибхона барои кофтани чоҳи 20 метраи об аҳд карда буданд. Аммо Облоназар дар вақти хокро гирифта ба боло баромадан, пояш аз зина лағжиш хӯрда бо тахтапушт ба чуқурӣ зада ҳалок шуд. Дар ин ҳодиса ягон аломати марги зуракӣ дида намешавад ва мақомотҳои тафтишотӣ ҳам ин санҷишро гузаронидаанд”, иброз намуд Ҳасанов.
Ба гуфти раиси ҷамоати Қалъачаи калон, мушкили камбуди оби нушокӣ дар ин ҷамоат бештари сокинонро водор намудааст, ки дар манзилҳои худ ба сохтмони чоҳҳои хурд машғул шаванд.