Бо амри раисҷумҳури Қазоқистон муҳасилини мактаб ба таътили фаврӣ фиристода шуданд

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкПрезидент Казахстана Касым-Жомарт Токаев на пресс-конференции по итогам российско-казахстанских переговоров с президентом РФ Владимиром Путиным
Президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев на пресс-конференции по итогам российско-казахстанских переговоров с президентом РФ Владимиром Путиным - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Қазоқистон Қосим - Жомарт Токаев ба хотири ҷилавгирӣ намудан аз паҳншавии маризии коронавирус, толибилмони макотибро ба таътилӣ фаврӣ фиристод

ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik. Бо амри раисҷумҳури Қазоқистон Қосим - Жомарт Токиев тадобири ҷилавгирӣ аз паҳншавии маризии коронавирус шаддидтар шудааст.

Женщина в медицинской маске в центре Милана - Sputnik Тоҷикистон
Пешгӯии сардухтур: коронавирус ҳафтаи равон ба Қазоқистон мерасад

Ба иттилои Sputnik  Қазоқистон, феълан макотибҳои ҷумҳурӣ ба таътили фавhӣ гузаштанд. Ҳамзамон баргузории ҳамагуна чорабиниҳои оммавӣ низ дар Қазоқистон муваққатан манъ карда шуданд.

Зимнан, бо супориши Вазорати беҳдошти ин кишвар,  тамоми муассисаҳои тиббӣ ва таълимӣ, нақлиётҳои ҷамъиятӣ бо маҳлули зидди вирусӣ пайваста шуста мешаванд.

Ҳамзамон, сар аз 16 - уми март донишҷӯёни коллеҷҳо ва донишгоҳҳо бо дарназардошти имконоти техникӣ ба омӯзиши фосилавӣ мегузаранд.

Коронавирус сабаби манъи ҷашни Рӯзи ҷаҳонии занон дар Қазоқистон шуд

Қобили зикр аст, ки дар Қазоқистон низ ба мисли Тоҷикистон ягона ҳолати гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт нагардидааст. Вале ҳукумати ҳар ду кишвар ба хотири ҷилавгирӣ аз роҳ наёфтани ин маризӣ аз тадобирҳои гуноггун сари кор мегиранд.

Акция протеста у Лондонской фондовой биржи - Sputnik Тоҷикистон
200 миллиард доллар баҳои коронавирус: коҳиши рушди иқтисоди Осиё дар соли 2020

Ба фарзи мисол дар Тоҷикистон дари масоҷид ба рӯи намозгузорон баста ва баргузории чорабиниҳои оммавӣ, аз қабили "маршировка" манъ карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан сардухтури беморхонаи сироятӣ дар Қазоқистон зимни нишасти матбуотӣ аз эҳтимолияти расидани маризии коронавирус ба кишвар дар ҳафтаи равон хабар дод.

Бекшин дар ҷамъи хабарнигорон санаи зуҳури ин маризӣ дар Қазоқистонро эълом кард. Ба иттилои ӯ, тахминан аз 11 то 16 - уми март,  маризии коронавирус ба Қазоқистон мерасад.

Дар ин робита Вазорати беҳдоштро лозим аст, ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии маризӣ чораҳои махсусро роҳандозӣ намояд.

Лентаи хабарҳо
0