Билохир: коронавирус пандемия эълон шуд

© AP / Eugene HoshikoЯпонские граждане в масках
Японские граждане в масках - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пандемия бемориест, ки табиати оммавӣ дошта, ба тамоми аҳолӣ асар менамояд, дар қаламрави кишвар, ҳамсоякишварҳо ва ё ба дигар давлатҳои ҷаҳон низ паҳн мешавад

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ коронавирусро пандемия эълон кард, гузориш медиҳад "Ховар" дар истинод ба вебгоҳи созмон.

Экономическая выставка-ярмарка СУГД-2019 - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус монеа нашуд: санаи баргузории Ярмаркаи байналмилалии “Суғд-2020” маълум шуд
Ёдрас мешавем, пештар СУТ эҳтимол карда буд, ки вируси корона хавфи ба пандемия мубаддал гаштанро дорад.

"Пандемия сухане нест, ки онро  бе андеша, ё бепарво истифода баранд, гуфтааст роҳбари созмон Теодор Гебрейесус дар муроҷиат ба рӯзноманигорон.

Пандемия- ин паҳншавии бемории нав дар миқёси ҷаҳон аст. Одатан, пандемия гуфта,  бемориеро дар назар доранд, ки он  хусусияти оммавӣ дошта,  қисми зиёди аҳолиро гирифтор  месозад. Қаблан хурӯҷи вабо ва тоун низ  чун пандемия эътироф гардида буданд.

Ба қавли Гебрейесус, ояндаи наздик беморӣ боз ҳам шиддат ёфта, сабаби марги одамон дар кишварҳои  зиёд мегардад.

Ёдрас мешавем, коронавирус, ки ҳамагӣ 3 моҳ қабл дар Чин пайдо шуд, дар муддати кӯтоҳ ба 114 кишвари ҷаҳон паҳн гашт. Тибқи омори ахир дар натиҷаи вируси корона шумораи шахсони гирифтори коронавируси нав ба 111 ҳазор нафар расида, зиёда аз 3,8 ҳазор нафари дигар  фавтидаанд.

200 миллиард доллар баҳои коронавирус: коҳиши рушди иқтисоди Осиё дар соли 2020

Лентаи хабарҳо
0