4700 сомонӣ гирифту ба донишгоҳ дохил накард: қаллобии як зан дар Суғд

© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузариш ба медиабонкРуки в наручниках.
Руки в наручниках. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти милитсияи вилояти Суғд аз оғоз шудани як парвандаи ҷиноӣ алайҳи як зан хабар медиҳад, ки 4700 сомонии як сокини ноҳияи Спитаменро бо ваъдаи дохил намудан ба яке аз донишгоҳҳо гирифта, вале фиреб додааст

ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik. Манобеъ дар РВДК дар Суғд мегуянд, ин зан, ки ҳоло ба сифати гумонбаршуда пурсуҷӯ мешавад, сокини 36 солаи деҳаи Ҳазорчашмаи ҷамоати Муҷуни ноҳияи Деваштич буда, бо ваъдаи дурӯғ 4700 сомонии як сокини 28 солаи ноҳияи Спитаменро аз худ намудааст.

12 ҳазор доллар деҳ ба Донишгоҳи тибби дохил мекунам: боздошти омӯзгори Донишгоҳи Кӯлоб
“Аз моҳи май то моҳи июни соли 2019, бо роҳи фиреб ба боварии як сокини ноҳияи Спитамен даромада, бо ваъдаи дохил намудан ба донишгоҳ 4700 сомонӣ гирифтааст”, - иттилоъ медиҳад манбаъ аз РВКД.

Бино ба иттилоъи дарёфтӣ ин зани сокини ноҳияи Деваштич дар соли 2016 як дафъа бо ҷурми қаллобӣ маҳкум ба зиндон шудааст. РВКД бар асоси шикояти ҷабрдида, нисбати ин зан бар асоси моддаи 247 қисми 3 (қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз намудааст.

Ошкор шудани қаллобии 1 миллиону 111 ҳазор сомонӣ дар Душанбе

РВКД дар Суғд ахиран дар нишасти хабари аз қайди 5 536 ҷиноят дар соли 2019 хабар дода буд, ки 644 адад аз ин омор, ҷиноятҳои қаллобӣ гуфта мешавад.

Лентаи хабарҳо
0