Тоҷикистону Ӯзбекистон масоили қимати барқу газро баррасӣ хоҳанд кард

© Sputnik / Екатерина Штукина Премьер-министры Узбекистана и Таджикистана Абдулла Арипов и Кохир Расулзода
Премьер-министры Узбекистана и Таджикистана Абдулла Арипов и Кохир Расулзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қоҳир Расулзода нахуствазири Тоҷикистон ва ҳамтои ӯзбекаш Абдулло Орипов зимни дидодор дар мавриди қимати барқу газ гуфтугӯ хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik.  Ҷаласаи баъдии Комиссияи байнидавлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон барои ҳамкории тиҷорӣ ва иқтисодӣ бо ҳамоҳангии нахуствазирони ду кишвар дар нимаи дувуми моҳи апрел дар Тоҷикистон баргузор мешавад, иттилоъ додааст хабаргузории “АКИпресс”. 

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон и президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев - Sputnik Тоҷикистон
Узбакистон сохтмони ду нерӯгоҳро дар Тоҷикистон таъйид кард

Як манбаъ дар давлати Тоҷикистон гуфт, ин нишаст қарор буд, авохири соли 2019 баргузор шавад, аммо ба таъхир афтод, зеро дар он замон кишварҳо ҳеҷ масъалаи ҳалнашудае надоштанд.

Ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, башардӯстона, фарҳангӣ, илмӣ ва фаннии байни ду кишвар дар ҷаласаи оянда баррасӣ хоҳад шуд.

Соли гузашта Тоҷикистон 1.425 миллиард киловатт-соат барқ ба арзиши 28 миллиону 500 ҳазор доллар ба Ӯзбекистон содир кард.

Ҳамчунин дар соли 2019 Тоҷикистон 140 миллион метри мукааб гази табиӣ ба арзиши 17 миллиону 700 ҳазор доллар аз Ӯзбекистон харидорӣ кард.

Лентаи хабарҳо
0