Раиси Хатлон миёни рӯзноманигорон озмун эълон кард: ҷоиза 17,5 ҳазор сомонӣ

© Госкомитет по земельному управлению РТХакимзода Курбон председатель Государственного комитета по земельному управлению и геодезии при правительстве Республики Таджикистан
Хакимзода Курбон председатель Государственного комитета по земельному управлению и геодезии при правительстве Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ миёни рӯзноманигорон озмуни эҷодӣ эълон кард

ДУШАНБЕ, 11 мар – Sputnik. Ҳакимзода аҳли қаламро барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат вобаста ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон даъват намуд, хабар дод котиботи ҳукумати вилоят.

Праздничный концерт в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон
"Маршировка” манъ нашудааст: Наврӯз дар Хуҷанд барпо мешавад

"Инъикоси заҳмати соҳибкорон, бинокорон, фаъолияти раисони маҳаллаҳо ва ҳамаи онҳое, ки дар корҳои ободонӣ саҳм мегузоранд, рӯҳияи мардумро баланд мебардорад", - зикр кард раиси вилоят.

Ӯ афзуд, ки аз ин рӯ, вобаста ба инъикоси дастовардҳои аҳли заҳмати Хатлонзамин бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар байни рӯзноманигорон озмуни эҷодӣ баргузор мешавад.

“Барои ғолиби ҷойи якум – 10 ҳазор сомонӣ, барои ҷойи дувум 5000 ва барои ҷойи сеюм 2500 сомонӣ ҷоиза аз рӯйи якчанд номинатсия тақдим хоҳад шуд”, - хабар дод манбаъ.

Ҳукумати Хатлон таъкид намудаст, ки озмун дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ имсол ва соли 2021 натиҷагирӣ шуда, ҷоизаҳо тақдим мегарданд.

Лентаи хабарҳо
0