Коронавирус ба мансабдорон ҳам расид: муовини вазири Бритониё низ гирифтори ин беморӣ шуд

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкПрепарат против коронавируса
Препарат против коронавируса - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Надин Доррис, муовини сарвазири Бритониё оид ба бехатарии бемор, пешгирии худкушӣ ва солимии рӯҳӣ ба бемории коронавирус гирифтор шудааст

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Дар ин бора The Guardian дар такя ба Вазорати тандурустии Бритониё иттилоъ додааст.

Ба гузориши манбаъ, Доррис гуфтааст, пас аз он ки санҷиши коронавирус дар ӯ мусбат шуд, вай чораҳои эҳтиётиро пеша карда, аз хона берун нарафт.

Мохаммад Мирмухаммади,член Совета целесообразности (совещательный орган при высшем руководителе Ирана)  - Sputnik Тоҷикистон
Даргузашти мақомдори баландпояи Эрон аз коронавирус

Ба гузориши The Guardian ҳафтаи гузашта Доррис дар қабули сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон ҳузур дошт ва ҳамчунин бо садҳо нафари дигар парлумон ва вазорат вохӯрдааст.

Надин Доррис, дар саҳифаи твитерияш бо ташаккур аз ҳаммаи он нафароне, ки ӯро дастгирӣ мекунанд, гуфтааст, бадтарин лаҳазотро пушти сар мекунад. Ӯ гуфтааст, барои модари 84 солааш бештар ғам мехӯрад, ки бо ӯст ва сулфа карданро сар кардааст ва имрӯз ӯро низ табибон муоина мекунанд.

То кунун дар Бритониё зиёда аз 300 ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Дар маҷмӯъ, мувофиқи маълумоти ВОЗ, шумораи гирифторони ин беморӣ дар ҷаҳон зиёда 114 ҳазор дар аз 110 давлати ҷаҳон мебошад. Гуфта мешавад, аксари сироятшудагон дар Чин, Италия, Кореяи Ҷанубӣ ва Эрон ҳастанд.

Ин дуввумин ҳолати гирифторшавии мансабдорони баландпоя дар Аврупо ба ин беморӣ мебошад. Рӯзи гузашта хабарҳо дар бораи гирифторшавии Франк Ристер, вазири фарҳанги Фаронса ба ин беморӣ паҳн шуда буд ва гуфта мешуд ӯ аснои боздид аз Паалатаи поёнии парлумон ба ин маризӣ сироят шудааст.

Дар Эрон бошад қаблан се мақоми баландпояи ин кишвар Эраҷ Ҳарирчӣ, муовини Вазири беҳдошти Эрон, Маъсума Ибтикор, ноиби президенти Эрон дар умури занон ва оила, Муҷтабо Зулнур, намояндаи Қум ва раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои исломӣ аз гирифторгаштанашон ба коронавирус гуфта мешуданд.

Ҳамчунин дар пайи ин беморӣ ду манасабдор Муҳаммад Мирмухаммадӣ, узви Шӯрои маслиҳат (мақомоти машваратӣ дар назди раҳбари олии Эрон)  ва Ҳади Хусравшоҳӣ, собиқ сафири Эрон дар Ватикан фавтиданд.

Лентаи хабарҳо
0