ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Мақомоти пулиси шаҳри Панҷакент аз боздошти модар ва писар хабар медиҳанд, ки дар куштори ваҳшиёнаи падари хонадон муттаҳам мешаванд.
Бино ба гузориши Акбар Шарифӣ, сухангӯи Раёсати умури дохилии Суғд, дар пайи муноқишаи оилавӣ дар деҳаи Суҷинаи шаҳри Панҷакент Хосият Усмоноваи 46-сола ҳамроҳи писраи 19-солааш Мусоев Суннатуло падари хонадон Абдулло Мусоевро ба қатл мерасонанд.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи куштор 29 ноябри соли гузашта рух дода, зан ва шавҳар миёни ҳам муноқиша мекунанд ва баъдан писар ба онҳо ҳамроҳ мешавад.
Манбаъ мегӯяд, латтукӯбу занозанӣ бо ҷароҳатбардорӣ дар қисмати сар ва афтида ба оҳан задан ва ба буғи карадни падари хонадон хотима меёбад.
Хосият Усмонова модари хонадон дар гузориши видеоӣ мегӯяд, вақто шавҳараш сараш ба оҳан заду хун рафт, тарсид, ки хеста ӯро мекушад ва пойҳояшро бо сим баставу ӯро буғӣ кардаанд.
Гуфта мешавад, модару писар барои нест кардани изи ҷинояташон, падари хонадонро оташ зада, дар гӯшаи замини назди ҳавлигӣ чуқур канда гӯр мекунанд.
ВУД мегӯяд, нисбат ба гумонбарон бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.