Коронавирус ба Украина расид: дари макотиб баста ва чорабиниҳои оммавӣ манъ гардиданд

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкТест-системы для диагностики нового коронавируса
Тест-системы для диагностики нового коронавируса - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати Украина дар робита ба дақиқ шудани як ҳолати гирифторӣ ба маризии коронавирус, дари макотибро баст ва баргузории ҳамагуна чорабиниҳои оммавиро мамнӯъ кард

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Ахиран маризии сироятии коронавирус ба Украина низ расид ва ташхиси як шаҳрванди ин кишвар, ки муддате дар Италия ба сар бурдааст, мусбат баромад.

Жители Тегерана в медицинских масках на одной из улиц города - Sputnik Тоҷикистон
Созмони тандурустӣ аз хавфи оммавӣ гаштани коронавирус гуфт

Зимнан, ҳукумати Украина пас аз дақиқ шудани як ҳолати гирифторӣ ба маризии коронавирус, чораҳои пешгирикунанда аз паҳншавии маризиро пиёда намуд.

Бар хабари РИА Новости, феълан дар сартосари ин кишвар карантин ҷорӣ шудааст.

"Сар аз 12 - уми март то 3 - юми апрел, таҳсил дар макотиб қатъиян манъ гардидаст. Ҳамчунин баргузории чорабиниҳои оммавӣ бо иштироки беш аз 200 нафар мамнӯъ аст", - омадааст дар хабар.

Лағви консерти Нигина Амонқулова ба далели коронавирус: ӯ гуноҳе надорад

Гузашта аз ин, Украина парвози ҳавопаймоҳоро самти чанд кишвар низ муваққатан боздошт.

Қаблан ҳукумати Украина хабар дод, ки дар сурати зуҳури ин маризӣ дар Киев эҳтимолияти баста шудани макотиб ва метро ҷой дорад.

Манбаъ меафзояд, ташхиси 43 нафар бо гумони гирифторӣ ба маризии коронавирус дар Украина манфӣ баромад ва танҳо дардмандии як нафар ба ин маризӣ таъйид шуд.

Лентаи хабарҳо
0