Хатнаи хатарнок: писараке аз хунравии шадид ба беморхона афтид

CC BY 2.0 / Jason Rogers / Скальпель в руке
Скальпель в руке - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хонаводае дар Маскав хатнаро дар хона анҷом доданд, ки боиси хунравии шадид шудааст. Писарак фавран ба бемористон интиқол дода шуд

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Дар Маскав кормандони мақомот хабари расонаҳоро дар бораи хатнаи нодурусти як писарак дар шароити хона тафтиш мекунанд.

Операционная. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Конибодом 19 ҳуҷраи хатна ташкил шуд
Дар ин бора ба оҷонсии "Москва" ёвари калони Раёсати шаҳрии тафтишотии Кумитаи тафтишотии Русия Юлия Иванова хабар додааст.

Пештар расонаҳои Русия хабар доданд, ки дар як бинои истиқоматие дар ҷанубу шарқи Маскав кӯдакеро хатна карданд. Ин амалиёти тиббиро, ки наздикони кӯдак гузаронидаанд, бо хунрезии шадид анҷом ёфтааст.

 

"Феълан, чорабиниҳои тафтишотӣ анҷом дода мешавад, ки дар натиҷа тамоми далелҳои дар хабар омода, санҷида мешаванд", - гуфтааст Иванова.

 

Ёдрас мешавем, ду сол пеш дар Маскав як писараки тоҷик пас аз хатна дар хона аз ҳуш рафта буд. Хушбахтона, пизишкон он замон тавонистанд писаракро наҷот диҳанд.

Ҷаримаи модар барои хатнатӯйи ғайриқонунии писараш

 

Лентаи хабарҳо
0