ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Дар Ӯзбекистон нафаронеро, ки баъди сафар ба кишварҳои "хатарнок" қавонини каратинро риоя намекунанд, аз озодӣ маҳрум мекунанд.
Дар ин бора РИА Новости дар истинод ба дафтари матбуоти агентии санитариву эпидемиологии назди вазорати тандурустии кишвар хабар медиҳад.
Ба гурӯҳи "1а" нафароне дохил мешаванд, ки аз Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Эрон, Италия, Афғонистон ва Ҷопон баргаштаанд.
Шаҳрвандонеро, ки аз Фаронса, ИМА, Олмон, Сингапур, Испания ва Тайван баргташтаанд, ба гурӯҳи "1б" дохил кардаанд.
Касонеро, ки аз Таиланд, Озарбойҷон, Британияи Кабир, Малайзия, Аморати муттаҳидаи араб, ва Арабистони Саудӣ бармегарданд, ба гурӯҳи "2" ворид мешаванд ва дар хонаҳояшон 2 ҳафта карантин карда мешаванд.
На танҳо таб ва сулфа: нишонаҳои нави коронавирус маълум шуданд
Ҳамчунин ба нафароне, ки аз аз кишвари хориҷи "хатарнок" баргаштаанд пас аз карантин ҷавоб шудан ҳам, занг зада, аз саломатиашон пурсон мешаванд.
Ёдрас мешавем, моҳи декабри соли 2019 мақомоти Чин аз бурузи вируси номаълуме дар Вуҳан хабар доданд. Дертар маълум шуд, ки барангезандаи он вируси навъи COVID-19 будааст.
Феълан тӯли 3 моҳ ин вирус дар 101 кишвари дунё паҳн шудааст, ки бештар аз 3 ҳазор нафар қурбони он шудаанд.