ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Сӯхтори ошёнаҳои 4 ва 5-и беморхонаи ноҳияи Ёвон рӯзи 6 март рух дод, хабар додааст саҳифаи parviz.tv дар Инстаграм.
Манбаъ зимни нашри навори сӯхтор иттилоъ додаст, ки оташ ошёнаҳои болоиро фаро гирифта буд ва духтар илоҷе ҷуз баромадан ба бом ё худро партофтан ба поин надошт.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Ҷавонон бо истифода аз арғамчин духтари дармонда дар коми оташро боло бардошта ва шоҳидон аз ин қаҳрамонияшон бо таҳсину офаринхонӣ истиқбол намуданд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навори наҷоти ҷавондухтарро писандида, хостаанд, мақомоти Тоҷикистон ин амали ҷавонмардонаи ҷавононро қадрдонӣ намояд.
Дар гузашта Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон афродеро, ки дар наҷоти дигарон саҳм гузоштанд, бо нишони махсус қадрдонӣ карда буд.