Омори пирӯзии занон дар интихобот ба Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ

© Sputnik / Sputnik, Амир ИсаевПарламентские выборы в Таджикистане
Парламентские выборы в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, дар интихоботе, ки чанд рӯз пеш баргузор гардид, номзадии шумораи зиёди бонувони фаъол ба вакилии парламенти мамлакат ва маҷлисҳои маҳаллӣ пешниҳод шуда, аксари мутлақи онҳо ба пирӯзӣ ноил гардиданд

ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҳамоиш бахшида ба Рӯзи модарон, пирӯзии занон дар интихоботи парлумониро як нишонаи эътирофи мақому манзалати зан аз ҷониби шаҳрвандон ва давлату Ҳукумат гуфт.

Рахматилло Зойиров. Архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Эътироф намекунем: ҲСДТ аз митингҳо алайҳи натиҷаи интихобот гуфт

Ӯ бо такя ба ҳисобҳои пешакӣ афзуд, ҳоло шумораи занон дар мақоми олии қонунгузори мамлакат, яъне Маҷлиси намояндагон ба 24 фоиз расид.  Бар асоси иттилои аввалия, аз 63 курсии вакилӣ дар парлумон 15 ададашонро занон соҳиб гардиданд.

“Дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ба 41,5, вилоятҳои Хатлон 34,8, Суғд 33,3, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 34,4 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 29,4 фоиз расида, илова бар ин, дар дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ беш аз 50 нафар занону духтарон фаъолият доранд”, - иттилоъ дод Раҳмон.

Ӯ зикр намуд, аз шумораи умумии номзадҳое, ки дар Анҷумани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбарӣ шудаанд, 50 фоизашон бонувону занони фаъол ва ташаббускоранд.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин назараш дар бораи баргузории интихоботи парлумониро баён дошт, ки ба гуфтаи ӯ, чорабинии мазкур, воқеан, нишонаи болоравии фарҳанги сиёсии ҷомеа, дарки масъулияти ватандорӣ ва рамзи возеҳу равшани анъанаи таҳаммулгароиву ҳамдигарфаҳмии сокинони кишвар гардид.

Хасан Асадуллозода, глава Ориёнбанка - Sputnik Тоҷикистон
Ҳасан Асадуллозода вакил интихоб шуд-акс

“Бо истифода аз фурсати муносиб, мехоҳам ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла бонувони шарафманд, ҷавонони ватандӯст, ҳамватанони бурунмарзӣ, инчунин, ҳизбҳои сиёсии кишвар, ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ ва умуман, ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ширкати фаъолонаашон дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот сидқан миннатдорӣ баён намоям”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Чорабинии мазкур, воқеан, нишонаи болоравии фарҳанги сиёсии ҷомеа, дарки масъулияти ватандорӣ ва рамзи возеҳу равшани анъанаи таҳаммулгароиву ҳамдигарфаҳмии сокинони кишвари маҳбубамон ба хотири сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва осоиши ҷомеа гардида, ба таҳкими нуфузу эътибори давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намуд.

Лентаи хабарҳо
0