Наздик ба 200 нафар: шумори ҷонбохтагон аз коронавирус дар Эрон афзоиш ёфт

© The Central Hospital of WuhanКоронавирус нового типа зарегистрирован в Китае
Коронавирус нового типа зарегистрирован в Китае - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, ки то кунун 2134 нафар аз касоне, ки дар Эрон ба бемории коронавирус мубтало шудаанд, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд

ДУШАНБЕ, 8 март — Sputnik. Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи якшанбе дар ҷамъи хабарнигорон бо ишора ба ибтилои 6566 нафар ба коронавирус дар кишвар гуфт: Мутаассифона то кунун 194 нафар бар асари ибтило ба ин вирус ҷони худро аз даст додаанд, иттилоъ додааст хабаргузории "Parstoday".

Санитарно-контрольный пункт в аэропорту Красноярска - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдори Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ: паҳни коронавирус дар тобистон идома меёбад

Хурӯҷи бемории коронавирус декабри соли 2019 аз шаҳри Вуҳани Чин оғоз шуд ва зоҳиран маншаи он, ҳайвоноти ғайриаҳлӣ будааст.

Ин вирус акнун илова бар Чин, ба 103 кишвари дигар низ сироят кардааст.

Коронавирус аз зовияи таърих: аз ёддоштҳои Айнӣ то даъватҳои Шодихон Ҷамшед

Бар асоси охирин омор, то кунун беш аз 106 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба ин вирус мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод, беш аз 60 ҳазор нафар беҳбуд ёфтаанд ва ҳудуди 3600 нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.

Лентаи хабарҳо
0