Омузиши тарроҳӣ тавасути барномаи компютерӣ ба намояндагони корхонаҳои дӯзандагӣ

Обуна шудан
Барои даҳ намояндаи муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳои дӯзандагии Тоҷикистон давраи омӯзишӣ оид ба тарроҳии либос тавассути барномаи комютерии “GRAFIS” дар Душанбе баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Бино бар иттилои маркази тиҷорати байналмилалӣ, даҳ намояндаи муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳои дӯзандагии Тоҷикистон дар давраи омӯзишӣ оид ба тарроҳии муосири либос бо истифода аз барномаи компютерии “GRAFIS 12” иштирок мекунанд.

Таджикские товары на выставке в Республике Узбекистан - Sputnik Тоҷикистон
Панҷ корхонаи ресандагии Тоҷикистон маҳсулоти худро ба намоишгоҳи Истанбул мебаранд

Ин давраи омӯзишӣ аз 2-юм то 20-уми марти соли равон  дар Маркази омӯзишӣ - таълимӣ оид ба дӯзандагӣ дар назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар ҳамкории наздик бо ин донишгоҳ амалӣ шуда, онро коршиносони варзидаи ширкати иттилоотӣ-технологии “Кадрус”-и шаҳри Маскав баргузор хоҳад кард.

Манбаъ таъкид доштааст, ки барномаи компютерии “GRAFIS 12” дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи GTEX махсус барои Маркази омӯзишӣ-таълимӣ харидорӣ шудааст.

Ин давраи омӯзишӣ ҳам назария ва ҳам амалияи тарроҳии либосро тавассути барномаи “GRAFIS” фаро мегирад.

“GRAFIS” барномаи нодири компютериест, ки фаъолияти эҷодкорӣ ва интеллектуалиро ба ҳам тавъам намуда, ҷараёни эҷоди тарроҳии либосро суръат мебахшад.

Лентаи хабарҳо
0