Саломат Бобошарипова, сокини 53-солаи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, худро ҳамчун табиб муаррифӣ намуда, барои сеҳру ҷоду аз мизоҷони худ маблағ мегирифтааст, гузориш дод ВУД Тоҷикистон.
Худи Бобошарипова дар гузориши ВУД мегӯяд, нархгузории мушаххас надорад ва мизоҷон вобаста ба имконият аз 10 то 100 сомонӣ медиҳанд.
Ӯ тавзеҳ дод, ки чӣ гуна бо истифодаи сурат, пои гӯсфанд, дили гов, шамъ, қулф, ришта ва дигар ашёҳо ҷоду мекард.
“Дили буқъа муносибати духтарро қатии падару модар хуб мекунад, сӯзанхалонӣ дар собун духтарро аз бероҳагӣ ҳифз мекунад, қатии бачаҳо наравад. Қулф роҳи духтарро мебандад. Лухтакҳои ҷодушударо мебарад, дар хона мемонад, духтар аз хона намебарояд”, - шарҳ дод Бобошарипова дар навор.
Вай афзуд, ки бо риштаҳои 7-қабатӣ аз бераҳагии духтару бевабозии шавҳар ҷилавгирӣ мекунад.
Ба иттилои ВУД, феълан алайҳи Бобошарипова Саломат тибқи талаботи моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон санади маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба додгоҳ ирсол гардид.
Назари худи Бобошарипова дар бораи гузориш ва иттиҳоми пешниҳодкардаи мақомот феълан маълум нест.