ДУШАНБЕ, 6 март – Sputnik. Мадина Сафарова, сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, субҳи имрӯз, 7 март, дар назди Қасри Миллат корманди Бехатарии давлатии автомобилӣ (БДА) мошини ӯро таваққуф доданд.
"Фикр кардам, чӣ иштибоҳе кардаам, чун нав ронандагӣ мекунам. Сахт ба ташвиш афтодам. Аммо вақте аз мошин поин шудам, дар рӯ ба рӯям як корманди БДА бо табассум бар лаб ва гул дар даст маро истиқбол гирифт. Ростӣ, шок шудам ва надонистам аз хурсандӣ чӣ гӯям. Як ҷаҳон ташаккур!", - гуфт Мадина Сафарова ба Sputnik Тоҷикистон.
Зимнан, ин бори аввал нест, ки дар арафаи 8 март – рӯзи зан - модар дар шаҳри Душанбе Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон даст ба ҳамчунин иқдомҳо мезанад.
Нусратулло Маҳмадзода, сардори Маркази матбуоти ВКД ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, солҳои гузашта кормандони милиса ба занони тоҷик дар кӯчаву хиёбонҳо ва мусофиркашонҳои шаҳрӣ гул тақдим мекарданд.
"Имсол раёсати Бехатарии давлатии автомобилии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки ба ронандагони зани шаҳри Душанбе гул тақдим кунад. Субҳи имрӯз як мошин гул дар ихтиёри кормандони БДА аз сӯи сардори раёсат гузошта шуд, то онҳоро ба занони ронанда тақдим кунанд", - гуфт Нусратулло Маҳмадзода.
8 март ҳамчун Рӯзи зан – модар дар Тоҷикистон таҷлил мешавад.
Имсол он ба рӯзи якшанбе рост меояд. Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, рӯзҳои ид аз ҳисоби рӯзҳои корӣ ҷуброн мешаванд. Ҳамин тавр, рӯзи душанбе низ рӯзи истироҳат хоҳад буд.