ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Ҷангиёни ҳаракати радикалии "Толибон", (мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) ҳамлаи рӯзи 6 мартро дар Кобул тавзеҳ доданд.
Ёдрас мешавем, пештар Вазорати умури дохилаи Афғонистон аз ҳалокати 27 нафар ва ҷароҳати 55 тан дар ҳамла дар чорабине дар Кобул хабар дод, ки он ҷо мансабдори баландпояи Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ низ иштирок дошт.
Намояндагони толибҳо таъкид бар он кардаанд, ки масъулияти ҳамла ба мақомдорони аршад бар дӯши онҳо нест.
"Ҳамлаи имрӯза др Кобул ба муҷоҳидони "Аморати исломӣ" иртиботе надорад",- омадааст дар изҳороти гурӯҳи радикалӣ.
Пештар хабар дода шуд, ки дар Кобул гурӯҳи ношиноси мусаллаҳ ба ҷаласае, ки он ҷо Абдуллоҳ Абдуллоҳ қарор дошт, ҳамла кардааст.
"Пас аз суханронии Абдуллоҳ Абдуллоҳ яке аз раҳбарони ҳазораҳо Халили Каримӣ ба минбар баромад ва тақрибан пас аз ду дақиқаи суханронии ӯ тирпаронӣ шурӯъ шуд", - гуфт ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон.
Як давлат ду президент: дар Афғонистон Ғанӣ ва Абдуллоҳ ҷудогона савганд ёд хоҳанд кард
Ин ҷаласаи ёдбуди Абуалии Мазорӣ, роҳбари таърихии ҳазораҳо ва асосгузори Ҳизби ваҳдати исломии Афғонистон буд, ки соли 1996 аз сӯи Толибон кушта шуд. Толибон ӯро аз чархбол поён андохта буданд.
Маросими ёдбуд дар маҳалли Дашти Барчӣ, воқеъ дар Ғарби Кобул, маҳалли умдатан ҳазоранишини Кобул, пойтахти Афғонистон баргузор мешуд.
Манбаъи Sputnik Тоҷикистон мегӯяд, Доктор Абдуллоҳ аз сӯи муҳофизонаш ба маҳалли номаълум фирор дода шуд.