Муштзанӣ дар парлумони Туркия барои хоин хондани Эрдуғон - видео

Обуна шудан
Муштзании вакилони парлумони Туркия баъди он сар зад, ки вакил Энгин Озкоч раисҷумҳури ин кишвар Раҷаб Тайиб Эрдуғонро хоини ватан хонд

Ҷаласаи парлумони Туркия  бобати баррасии вазъият дар Идлиб ба муноқишаи шадид миёни вакилон анҷом ёфт. 

Президент РФ В. Путин встретился с президентом Турции Р. Эрдоганом - Sputnik Тоҷикистон
"Мо се соат суҳбат кардем": Песков тафсилоти мулоқоти Путин ва Эрдуғонро шарҳ дод

Муштзанӣ миёни вакилони парлумон баъди он сар зад, ки вакил Энгин Озкоч раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғонро хоин хонд. 

Гуфта мешавад, дар робита ба ин қазия Эрдуғон ин вакилро ба додгоҳ кашид ва аз ӯ 165 ҳазор доллар ҳамчун товон талаб намудаст.

Музокироти  Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон – навор

Ёдовар мешавем, ки дар Идлиб феълан задухӯрди шадид миёни низомиёни Сурия ва террористон ҷараён дорад. Вазъият баъди он печидатар шуд, ки зимни як задухӯрди шадид 33 сарбози Туркия кушта шуданд.

Пас аз қурбон шудани сарбозони турк Анқара аз эълони амалиёти ҷанг дар Идлиб хабар дод.

Лентаи хабарҳо
0