Ҳомид Карзай ҳамлаи Кобулро ба шиддат маҳкум кард: ҳушёр ва тифоқ бошед

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкЭкс-президент Афганистана Хамид Карзай
Экс-президент Афганистана Хамид Карзай - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳомид Карзай, собиқ президенти Афғонистон ҳамлаи террористии имрӯзаро, ки дар пай кушта ва захмӣ дошт ғайриинсонӣ ва кори душманони мардуму сулҳи афғон арзёбӣ кард

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Бино ба гузориши Sputnik Афғонистон Ҳомид Карзай ҳамлаи террористии Кобулро, ки имрӯз дар маросими гиромидошт аз 25-умин солрӯзи шаҳодати Абдуалӣ Мазорӣ сурат гирифт, ба шиддат маҳкум карда, кори душманони субот ва мардуми Афғонистон гуфтааст.

Афганские военные. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳамла дар Кобул 27 кушта 55 захмӣ бар ҷой гузошт

Ҳомид Карзай ин амали ғайриинсониро душмани сулҳ барои мардуми Афғонистон ҳисобида аз шаҳрвандони кишвараш даъват ба амал овардааст, ки муттаҳид  ва ҳушёр бошанд ва нагузоранд талошҳо барои расидан ба субот дар кишвар камранг гардад.

Ёдовар мешавем, ки баъд аз зуҳри имрӯз, дар наздикии пойтахти Афғонистон дар маросими гиромидошт аз 25-умин солрӯзи шаҳодати Абдуалӣ Мазорӣ ҳангоми суханронии Муҳаммадкарим Халилӣ раҳбари ҳизби ваҳдати исломӣ тирандозӣ сурат гирифт.

Бино бар иттилои Sputnik Афғонистон дар ин маросим Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон, Салоҳуддин Раббонӣ, вазири хориҷаи пешини Афғонистон, доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроия, Муҳаммадкарим Халилӣ, Муҳаммад Муҳаққиқ, роҳбари ҳизби ваҳдати мардуми Афғонистон ва дигар сиёсатмандону шумори зиёди аз сокинони шаҳри Кобул ҳузур доштанд.

Главное исполнительное лицо Исламской республики Афганистан Абдулла Абдулла - Sputnik Тоҷикистон
Сӯиқасд ба доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар Кобул

Бино бар иттилои манбаъ, то кунун ҳеҷ як гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст. Толибон ҳам бо нашри як изҳорот масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтанд.

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи вазорати умури дохилаи Афғонистон хабар додааст, ки  дар ин ҳамлаи хунин, ки дар наздикии шаҳри Кобул сурат гирифт 27 нафар кушта ва 55 нафари дигар маҷрӯҳ шуд.   

Ҷаласаи ёдбуди Абуалии Мазорӣ, роҳбари таърихии ҳазораҳо ва асосгузори Ҳизби ваҳдати исломии Афғонистон буд, ки соли 1996 аз сӯи Толибон кушта шуд. Толибон ӯро аз чархбол поён андохта буданд.

Маросими ёдбуд дар маҳалли Дашти Барчӣ, воқеъ дар Ғарби Кобул, маҳалли умдатан ҳазоранишини Кобул, пойтахти Афғонистон баргузор мешуд.

Лентаи хабарҳо
0