Ҳушдори ВУХ ба шаҳрвандони Тоҷикистон: аз сафар ба 5 кишвар худдорӣ кунед

© Sputnik / Игорь ЛекаркинЗдание МИД РТ в Душанбе, архивное фото
Здание МИД РТ в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар ҳушдор медиҳад, ки аз сафар ба кишварҳое чун Корея, Эрон, Италия, Афғонистон ва Чин худдорӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 5 марта – Sputnik. Бо дарназардошти хуруҷи маризии  сироятии коронавирус дар Чин, Корея, Италия, Эрону Афғонистон, Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар тавсия медиҳад, ки аз сафар ба кишварҳои зикргардида худдорӣ кунанд.

Праздничный концерт в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон
"Маршировка” манъ нашудааст: Наврӯз дар Хуҷанд барпо мешавад

Вазорати умури хориҷӣ ҳамзамон аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват ба амал овардаст, ки дар ҳолати сафар ба кишварҳое, ки дар он ҷо ҳодисаҳои мубтало шудан ба коронавирус мавҷуд аст, бояд вазъи мазкур ба назар гирифта, талаботи беҳдоштӣ ва тавсияҳои ниҳодҳои марбута риоя намоянд ва инчунин  аз ҳузур дар ҷойҳои ҷамъиятии серодам парҳез кунанд.

Кумитаи дин аз эҳтимолияти карантин дар масҷидҳои кишвар мегӯяд

Котиботи вазорати мазкур таъйид намудаст, ки тоҷикистониёне, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, дар ҳолати зарурат ба намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ муроҷиат кунанд.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси талаботи беҳдоштию эпидемиологӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ дар сурати аз Ҷумҳурии Корея, Эрон, Италия, Афғонистон ва Чин ба Тоҷикистон ворид шудан, ба мақсади пешгирии интишори коронавирус дар хоки кишвар ба муддати 14 рӯз ба карантин фаро гирифта мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0