Садамаи маргбор дар шоҳроҳи Душанбе-Ҳисор: се нафар ба ҳалокат расид

© Sputnik / Илья ПиталевДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садамаи пурқурбонӣ дар шоҳроҳи “Душанбе-Ҳисор-Турсунзода” хабар дод, ки дар натиҷаи он се нафар ба ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 5 марта – Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар як садамаи маргбор, ки рӯзи 4 марти соли равон дар минтақаи Ҳисори Тоҷикистон рух додааст, ронандаи мошини “Опел-Вектра” ва ду мусофири ба ҳалокат расидааст.

ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳалокати Санавбар Боқиева, зани 30-сола дар пайи садама дар вилояти Суғд

Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи “Опел-Инсигина”, Соҳибов Қосим Абдунабиевич, сокини ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор ҳангоми ҳаракат кардан дар шоҳроҳи “Душанбе-Ҳисор-Турсунзода”, дар ҳудуди деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Сомон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, таҳти идораи ронанда Абдуллоев Рустамҷон, сокини ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода, бархӯрдааст. 

Манбаъ қайд кардааст, ки дар натиҷаи ин садама ронандаи автомашинаи “Опел-Вектра” ва мусофиронаш, Иноятов Амриддин, сокини ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода ва Ҷалолов Фариддун, сокини ҷамоати деҳоти мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон қайд намудааст, ки таҳқиқи ҳодисаи мазкур аз сӯи кормандон ВУД кишвар идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0