Боздошт ва истирдоди як узви ҲНИТ аз Аврупо

© Sputnik / Амир ИсаевГенеральная прокуратура РТ, архивное фото
Генеральная прокуратура РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи маводҳои парвандаи ҷиноятӣ, номбурда соли 2016 ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанаш ба ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи ҲНИТ ҷалб шуда, ба Аврупо рафтааст

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон аз боздошт ва истирдоди як узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи ҲНИТ Шовализода Ҳизбулло Абдулло аз Аврупо ба Тоҷикистон хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, Шовализода "дар натиҷаи роҳандозии ҳамкориҳои мутақобила бо мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Австрия" боздошт ва  5 март ба Тоҷикистон истирдод гаштааст.

Гуфта мешавад, Шовализода Ҳизбулло Абдулло соли таваллудаш 1991, зодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, ки барои содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 307 (3) қисми 2 (иштирок дар фаъолияти ташкилоти экстремистӣ) ва 305 қисми 1 (хиёнат ба давлат) КҶ ҶТ пешбинишуда дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт.

"Тибқи маводҳои парвандаи ҷиноятӣ, номбурда соли 2016 ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанаш ба ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ ҷалб шуда, бо мақсади минбаъд содир намудани актҳои террористӣ, ноором гардонидани вазъи ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва бо роњи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2019 дар марказҳои террористии кишвари муайяни хориҷӣ омодагии махсуси террористӣ-тахрибӣ гирифтааст", - омадааст дар изҳороти расмии Додситони кулл.
Каримов Худжа Рахимович, Хуҷа-командир, бывший полевой командир  - Sputnik Тоҷикистон
Боз хабар медиҳем: ВКД лаҳзаи истирдод ва бозпурсии Хӯҷа Командирро нишон дод - Навор

Тибқи иттилои тафтишот, зимни тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати аъзои дар давоми солҳои 2016-2019 дастгиршудаи ҲНИТ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) Кузов А.К., Забичоев Н.М., Ризвонов А.Р., Исмоилов Д.Д., Наврӯзов М.С. ва дигарон далелҳои муътамади даст доштани Шовализода Ҳ.А. ба ҷиноятҳои болозикр дастрас гардидаанд.

"Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳамаи номбаршудагон дар пойгоҳҳои махсуси хориҷи кишвар омодагии ҷангиву диверсионӣ гирифта, бо убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ вориди қаламрави Тоҷикистон шуда, қасди анҷом додани амалҳои террористӣ доштанд", - омадааст дар иттилоия.

Имомпошо Аҳмадов - як ҷангии ДОИШ ба Русия истирдод шуд - ВИДЕО

Додситонии кулл ёдрас мешавад, ки ин чорумин узви ҳизби мамнӯъ аст, ки дар Аврупо боздошт ва истирдод мешаванд.

Қаблан шаҳрвандони ҶТ Шералӣ Лоиқӣ, Ҳаётов Мустафо Раҳматшоевич ва Зуҳуров Комрон Хайрович, ки барои содир кардани ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта аз таъқиби ҷиноятӣ дар Аврупо паноҳ мебурданд, дастгир ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон супорида шудаанд.

Тафтиши пешакӣ нисбати Шовализода Ҳ.А. идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0