ДУШАНБЕ, 4 марта – Sputnik. Сиёсатмадори рус ба ҷонибдорӣ аз номзадии онҳо ҳатто зери навои мусиқии ин гурӯҳ рақси ҷаззобе намудаст.
Навори рақси Жириновский дар сафҳаи Твиттери ӯ нашр шудаст.
Поздравляю Little Big с участием в Евровидении, уверен, у вас всё будет Окей pic.twitter.com/qFODvgkYmr
— Владимир Жириновский (@Zhirinovskiy) March 4, 2020
"Гурӯҳи Little Big- ро барои муаррифӣ кардани Федератсияи Русия дар Евровидение - 2020 сидқан муборак мегӯям". - навиштааст зери ин навор Жириновский.
Сиёсатмадори рус аз натиҷаи бобарори ин гурӯҳ дар мусобиқаи Евровидение - 2020 хушманд аст.
Ёдовар мешавем, ки Русияро дар Евровидение - 2020 гурӯҳи Little Big муаррифӣ мекунанд. Феълан наворҳои ин гурӯҳ дар шабакаи YouTube аз ҳама сербинанда буда, танҳо як суруди онҳо 346 миллион тамошобинро ҷамъ намудаст.