Нури Амонуллоҳ аз Афғонистон бо "бодомҳои ордакдор" 2 кило героин овард

© Sputnik / Амир ИсаевУничтожение незаконных наркотических веществ, архивное фото
Уничтожение  незаконных наркотических веществ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони гумрук иниқоли 2 кило маводи мухаддирро аз Афғонистон ба Тоҷикистон ошкор кардаанд. Онро як марди афғон дар дохили бодомҳои ордакдор ба Тоҷикистон овардааст

ДУШАНБЕ, 4 марта – Sputnik. Кормандони гумруки Панҷи Поён як далели кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддири навъи героинро ба миқдори  беш аз 2 килограмм дар ҷануби Тоҷикистон ошкор ва пешгирӣ намуданд.

Уничтожение  незаконных наркотических веществ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти тоҷикистонӣ бо 20 кг героин дар Узбакистон ҳангоми қасди интиқол ба Қазоқистон

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки гумрукчиёни тоҷик зимни азназаргузаронӣ ва муоинаи  гумрукии бағоҷи дастии  шаҳрванди 32 –солаи Ҷумҳурии  Исломии Афғонистон Нури Аминуллоҳ аз  зери либосҳои дохили ҷомадони ӯ 2 бастаи селофании "бодоми ордак", ки дар ҳар як баста 3-тогӣ халтачаҳои селофани сафед мавҷуд буд,  дарёфт намуданд. Ҳангоми  кушодани бастаҳои селофании "бодоми ордак" аз дохили бодомҳои ордакдор маводи хокистарранги дорои бӯйи ғализи дар селофанчаҳо печонидашуда  ошкор карда шуд.

Дар асоси хулосаи маълумотномаи экспертизаи судӣ-кимиёвии шуъбаи экспертизаи судии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, маводи аз дохили "бодоми ордак" дарёфтгардида ба маводи нашъаовари навъи героин мансуб буда, вазни холиси он 2 кг 110 граммро ташкил медиҳад.

Доми Афғонистон: Кобулро баъди хуруҷи артиши ИМА аз кишвар чӣ таҳдид мекунад

Аз рӯи ҳодисаи мазкур нисбат ба сокини вулусволии Оқҷави вилояти Ҷузҷони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Нури Аминуллоҳ, соли таваллудаш 1988 парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 200, қисми 4, банди "д" ва 289 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, ба Прокуратураи вилояти Хатлон ирсол гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0