Фаронса дар Тоҷикистон намояндагии бонкҳояшро ифтитоҳ мекунад

© SputnikНациональный банк республики Таджикистан. Архивное фото
Национальный банк республики Таджикистан. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ин бора дар мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва Мушовири Президенти Ҷумҳурии Фаронса зикр гардид

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Фаронса дар Тоҷикистон намояндагии бонкҳояшро ифтитоҳ мекунад, гузориш медиҳад дафтари матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, чанде пеш раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо Мушовири Президенти Фаронса дар масоили иқтисодӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Паскал Лоро ва Сафири Фаронса дар Тоҷикистон Ясмин Гуэдар дар Душанбе масоили ҳамкориҳои бонкии ду кишварро баррасӣ карданд.

Национальный банк Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон бонки нав таъсис доданианд
Ҷамшед Нурмаҳмадзода хостори такмили ихтисоси кормандони бонк дар муассисаҳои молиявии кишвари ғарбӣ гаштааст.

Паскал Лоро аз сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса дар соли гузашта ёдрас шуда,таъкид бар он кардааст, ки Фаронса дар амалӣ кардани созишномаҳои имзошуда ҷаҳд мекунад.

"Мо тасмим гирифтем, ки барои татбиқи бандҳои алоҳидаи созишномаҳои имзогардида ба  Тоҷикистон ташриф оварда, барои  иҷрои минбаъдаи он бо шахсони масъули давлатӣ, вазорату идораҳои дахлдор вохӯрда, барои ҳарчӣ зудтар дар амал татбиқ гардидани онҳо заминаи воқеӣ гузорем", - афзудааст Паскал.

Бонки миллӣ фаъолияти ташкилотҳои “Наҷм” ва “Тиҷорат-Қарз”-ро қатъ кард

"Мусоҳибон инчунин масоили омодасозии мутахассисони соҳибмалака дар самти низоми бонкӣ, рушди ҳисобҳои муросилотӣ миёни бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистону Франсия, ифтитоҳи намояндагии бонкҳои тиҷоратии Фаронса дар Тоҷикистон, рушди соҳаи сайёҳӣ, ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастоварда ва маблағгузории терроризм мубодилаи афкор карданд", - менависад "Ховар".

Интизор меравад, ки мушовири раисҷумҳури Фаронса дар доираи сафари дурӯзаи худ ба Тоҷикистон бо муовини Сарвазири ҷумҳурӣ  Азиим Иброҳим ва роҳбарони як зумра вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон мулоқот менамояд.

Лентаи хабарҳо
0