ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Нақшаи президенти Амрико Доналд Трамп дар танзими баҳсҳои Фаластину Исроил ҷинояте зидди мусалмонони ҷаҳон аст, мегӯяд роҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров.
Қодиров ва мушовири раисҷумҳури Фаластин ба хулоса омадаанд, ки танишҳоро дар кишварҳои мусалмонӣ кишварҳои Ғарб оташ мезананд.
"Дар рафти мулоқот бо ёвари раисҷумҳури Фаластин санади бо ном "созишномаи аср"-ро маҳкум кардам, ки меъёрҳои байналмилалиро сахт нақз мекунад ва ҷинояте зидди мусалмонони ҷаҳон аст", - навиштааст Қодиров дар саҳифаи иҷтимоиаш.
Қодиров таъкид мекунад, ки набудани ваҳдати халқ ва роҳбарони чанде аз кишварҳои мусалмонӣ дар авҷ гирифтани бӯҳрон дар Шарқи Наздик замина месозад.
Ёдрас мешавем, моҳи январ президенти ИМА Доналд Трамп нақшаи худро дар танзими таниш байни Исроил ва Фаластин ироа кард. Худи Трамп ин пешниҳодашро "Созишномаи аср" номид.
Аз ҷумла, Трамп пешниҳод кард, ки Байтулмуқаддас пойтахти Исроил монад ва пойтахти Фаластинро дар ғарби Исроил ташкил кунанд. Ба гуфтаи Трамп, мувофиқи нақшааш ҳудуди Фаластин калонтар мешавад, аммо он ба ҳар ҳол, назар ба соли 1967 хурдтар мемонад.
Мушовири дабири кулли СММ: Доналд Трамп бадтарин раисҷумҳур дар таърихи Амрикост