ДУШАНБЕ, 3 март — Sputnik. Раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон зимни изҳороташ дар саҳифаи шахсии Фейсбукиаш аз ноадолатӣ ва тақаллуб дар интихобот таъкид карда, гуфтааст ки ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон чигуна раъйи мардумро баршумурдааст.
Вай афзудааст, ки ҳарчанд ҳизбаш дар интихобот комёб нашуд, рӯҳафтода нашудааст.
“Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон гумон мекунад, ки онҳо Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистонро ва ман, Раҳматилло Зойиров, раиси ҲСДТ-ро, шикаст доданд. Не! Ва боз, не!”, - қайд намудааст Зойиров.
Ҳамчунин, вай таъкид доштааст, ки иштироки ҲСДТ дар интихоботи парлумонӣ дар соли 2020 ду ҳадаф дошт:
1. Муаррифии ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистонро ҳамчун ҳизби халқӣ ба мардуми кишвар;
Нашри нахустин наворҳои қонуншиканӣ дар интихобот ва изҳороти раиси КМИР
2. Мушоҳида аз рафтори ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, яъне чи гуна онҳо бо ҲСДТ рафтор мекунанд.
Вай гуфт, ҲСДТ ҳарду вазифаро шарафона иҷро кард!
“Онҳо ба мо имконият доданд, ки ба парлумони кишвар биравем ё не, ин масъалаи муҳим нест! Ин як ҷузъи рафтори ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аст”, - илова кардааст Зоиров.
Ёдрас мешавем, ки тибқи Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ҲСДТ дар интихоботи парлумонии гузашта 0,32 дарсад раъйи мардумро ба даст оварда ба парлумони кишвар роҳ наёфтааст.
Ба иттилои Худоёрзода, аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 50,4 фоизи овозҳо ва 12 курсии вакилӣ, Ҳизби аграрии Тоҷикистон 16,5 дарсади овозҳо - 4 курсӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 16,61 дарсади овозҳо - 4 курсӣ, Ҳизби демократии Тоҷикистон 5,10 дарсади овозҳо - 1 курсӣ, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон - 5,15 дарсади овозҳо - 1 мандати вакилиро соҳиб шуданд.
Ҳамчунин Худоёрзода таъкид намудааст, ки дар интихоботи гузашта аз 4,9 миллион нафар интихобкунанда, 4,2 миллион нафар ё худ 86,4 фоиз иштирок намуданд, ки дар натиҷа аз ҳавзаи ҷумҳуриявӣ 5 ҳизб ба парлумон роҳ ёфт.