ДУШАНБЕ, 3 март — Sputnik. Вазири умури хориҷии Олмон Хорст Зеехофер қаблан ба таври расмӣ изҳор намуда буд, ки дар робита ба маризии сироятии коронавирус, муваққатан аз дастфишорӣ бо касе худдорӣ мекунад.
Шояд, канслери Олмон Ангела Меркел аз изҳороти вазир новоқиф монд ва зимни як нишасти матбуотӣ дасташро сӯи Хорст Зеехофер дароз намуд, аммо вазир танҳо бо сарҷунбонӣ саломи Меркелро алейк гуфт ва дасташро нафишурд.
Дар навор ҳувайдост, ки иттифоқ афтодани чунин кор боиси хандаи ҳозирин ва худи Меркел гардидааст.
Ба зону зад: узрхоҳии раҳбари мазҳабӣ аз мардум барои паҳнкунии коронавирус - навор
Бояд гуфт, пизишкон низ тавсия медиҳанд, ки дастро пайваста бо собун бояд шуст ва аз дастфишорӣ муваққатан худдорӣ намуд.
Ба маълумоти ахир, дар Олмон 165 ҳолати гирифторӣ ба маризии коронавирус сабт гардидааст. Зимнан, пизишкони Олмон тавонистанд 16 дардманди бемориро табобат кунанд.